Ссылки доступа

Раиси парлумони Чеченистон мухолифонро таҳдид кард


Раиси парлумони Чеченистон Магомед Довудов бори дигар бо нашри акси саги Рамзан Қодиров - Тарзан дар инстаграм намояндагони мухолифини Русияро таҳдид кард.

Довудов навишт, ки Тарзан "ранги сагҳои хориҷиро бад мебинад", ба вижа онҳоеро, ки "то чанд вақт пеш дар зери назорати шадиди роҳбари мо буданд".

Ба гуфтаи Довудов, "дандонҳои" Тарзан алайҳи "садои баланди "Эхо"", "саги дайдуи Пономарев" ва "Яшкаи дурага" тез мешаванд. Довудов ин навитаашро бо зикри ин ки Тарзан саги "пуртоқат аст", аммо вақтҳои охир "хеле бетоқат шудааст. Ба сахтӣ нигоҳ медорем" ба охир расонидааст.

Пештар Довудов зимни як мусоҳиба дар сомонаи "Грозний-Информ" шабакаи телевизиони "Дожд" ва радиои "Эхо Москва"-ро "қароргоҳи душманон" ном бурда, мухолифини Русияро дар барангехтани адовати миллӣ муттаҳам карда буд. Бо ин тартиб, Довудов аз гуфтаҳои Рамзан Қодиров пуштибонӣ кард. Қодиров пештар мухолифини Русия ва фаъолони шаҳрвандиро "хоин" ва "душманони халқ" номида буд.

XS
SM
MD
LG