Ссылки доступа

Сафар ба парвозгоҳи киштиҳои кайҳонӣ тавассути қатор


Ширкати қазоқистонии мусофиркашонии «Туран экспресс» хатсайр ба парвозгоҳи киштиҳои кайҳонии Байконурро роҳандозӣ кард.

Дар сомонаи ин ширкат хабар дода шудааст, ки сафари серӯза аз назорат ба парвози киштии кайҳонии «Союз» аз парвозгоҳи Байконур, дидор аз зиёратгоҳи «Коркит-ота”, маҷмаии осорхонавии “Байконур” иборат аст. Сайёҳон бо қатор тавассути хатсайри Алмаато-Тироз-Чимкент-Қизилорда-Байконур (истгоҳи Торетам) интиқол дода мешаванд.

Дар соли ҷорӣ парвози шаш киштии кайҳонӣ ба нақша дароварда шуда, нахустин парвоз 19 март бояд сурат гирад. Маҷмаии “Байконур”, ки аз шаҳр ва парвозгоҳи киштиҳои кайҳонӣ иборат мебошад, минтақаи пӯшида маҳсуб меёбад. То соли гузашта шаҳрвандони Қазоқистон иҷозаи ташриф ба ин шаҳрро 30 рӯз ва шаҳрвандони хориҷӣ чунин иҷозатномаро 45 рӯз интизор мешуданд. Ҷониби Русия, ки ин парвозгоҳро аз Қазоқистон ба иҷора гирифтааст, ба ташкилкунандаҳои ин хатсайри сайёҳӣ гузашт карда, розӣ шуд иҷозатномаҳоро дар 10 рӯз таҳия кунад.

Сайёҳон бояд ҳуҷҷати шиносоӣ ё шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд. Иҷозат дода мешавад, ки онҳо аз осорхонаҳо, хонаи Гагарин, муҷассамаи ёдгории «Коркит-ота” дидан кунанд. Маҳалли тамошои парвози киштиҳои кайҳонӣ дар чаҳор километр дуртар аз худи ин марказ воқеъ аст.

Зимни шарҳи масъалаҳои амниятӣ, намояндаи ширкат мӯътақид аст, ки парвози киштиҳо бо кайҳоннавардон барои саломатии сайёҳон безарар аст, аммо зимни парвози киштиҳои кайҳонии борбари «Протон» ҳаҷми партобҳои зараровар бештар мебошад. Ба ин хотир сайёҳон ба парвози чунин киштиҳои борбар роҳ дода намешаванд.

XS
SM
MD
LG