Ссылки доступа

Украина ба рӯзноманигори рус паноҳандагӣ дод


Рӯзноманигор ва блогнависи рус Дмитрий Шипилов аз Украинаи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кард. Дар ин бора Шипилов дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст.

«Ҳамасои даҳмоҳа ба охир расид, аз ҳама ташаккур», бо навиштани ин ҷумла вай акси шаҳодатномаи паноҳандагиашро дар фейсбук нашр кард.

Дар соли 2012 додгоҳ рӯзноманигор Дмитрий Шипиловро ба 11 моҳи корҳои ислоҳӣ маҳкум кард. Додгоҳ навиштаҳои вайро нисбати губернатори вилояти Кемеров Аман Тулеев таҳқиромез баҳо дод. Пештар ба далели ин ки Шипилов аз иҷрои ҳукми додгоҳ сарпечӣ кард, додгоҳи Кемеров ҳукми корҳои ислоҳиро ба се моҳи ҳабс иваз кард.

Шипилов дар Маскав боздошт ва ба Кемеров интиқол дода шуд. Вай баъди адои ҳукми додгоҳ ба озодӣ баромад. Дмитрий Шипилов моҳи феврали соли 2015 Русияро тарк карда буд.

XS
SM
MD
LG