Ссылки доступа

Дар Алмаато қарздорони манзил эътироз мекунанд


Даҳҳо нафар қарздорони мушкилдоштаи қарзҳои манзилӣ дар назди маҷмаии маъмурӣ дар Алмаато, ки дар он ҷо дафтарҳои чанд бонки тиҷоратӣ воқеъ аст, иқдоми эътирозӣ карданд.

Ба гуфтаи қарздорон, онҳо талаб мекунанд, ки шароити қарордод бо бонкҳо тағйир дода шавад. Гирдиҳамомадагон талаб мекунанд, ки раҳбарияти бонкҳо барои дидор назди онҳо бароянд. Эътирозгарон нидо мезананд, ки “раис, назди мо баро”.

Ширкаткунандагон нахуст иқдоми намоишӣ баргузор карда, либоси хокистарранг ба бар карданд, ки ба гуфтаи онҳо, бозгӯи муносибати бонкҳо ба қарздорони манзилро таҷассум мекунад.

Эътирозгарон мегӯянд, аз раванди иҷрои барномаи давлатии таҷдиди қарзҳои манзилӣ аз сӯйи бонкҳо норозӣ ҳастанд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, ки бозпас додани қарзҳои бо асъори хориҷӣ гирифтаашон баъд аз беқурбшавии танга амри иҷронашаванда шудааст. Дар шаш моҳи гузашта арзиши танга 100 фоизи қиммати худро аз даст дод.

Намояндаи бонки “ТсентрКредит” Асхат Суйнишев, ки назди эътирозгарон баромад, гуфт, дар чаҳорчӯби барномаи таҷдиди қарзҳои манзилӣ ба ин ниҳод 15,5 миллиард танга ихтисос дода шуд. Ба гуфтаи вай, бонк 50 дарсади аризаҳои қарздорони худро баррасӣ кард. Бонк тасмим гирифт, ки бархе аз қарздорони манзил ба сабабҳои мухталиф бо шароити таҷдиди қарздорони ипотекӣ созгор нестанд. Вай гуфт, ки масъалаи тағйири шароити қарзҳои ипотекӣ дар салоҳияти Бонки миллии кишвар аст.

XS
SM
MD
LG