Ссылки доступа

Дар Покистон террористҳо ба шаҳраки донишҷӯён ҳамла карданд


Дар шимолу ғарби Покистон гуруҳи тундгароёни номаълум ба шаҳраки донишҷӯён ҳамла карданд.

Дар наворҳои нахустин дар ҷои ҳодиса аскарони зиёд ва нерӯҳои амниятӣ дида мешаванд. Тибқи хабарҳои нахустин, 7 нафар дар ин ҳамла кушта шудааст.

Бар асоси иттилои аввалия, афроди мусаллаҳ ба ҳудуди донишгоҳи Бачахон, дар 50-километрии Пешовар ворид шуда, сӯи донишҷӯён ва омӯзгорон оташ кушодаанд. Садои таркиш низ шунида шудааст. Дар моҳи декабри соли 2014 дар Пешовар 144 хонанда ва омӯзгори як мактаб қурбони ҳамлаи террористон шуданд.

XS
SM
MD
LG