Ссылки доступа

Ҳамсоягии хатарнок


Тамоми соли гузашта аз Тоҷикистон хабарҳо дар бораи ҷиноятҳои зиёди низомиёни пойгоҳи низомии 201-и Русия дар ин кишвар мерасиданд.

Дар миёни онҳо ҷангу ҷанҷол, куштор ва ҳамлаҳои мусаллаҳона ба сокинони маҳаллӣ буданд.

Тоҳир Султонов, ронандаи таксӣ аз Кӯлоб тавонист баъд аз ҳамлаи низомии рус Дмитрий Толстой, ки бо корд мусаллаҳ буд, ҷон ба саломат бубарад. Толстой ба бадани Тоҳир бо корд зарба зада, талош кард бо мошини вай фирор кунад. Тоҳир муқобилат кард ва дар натиҷа мошин чаппа шуд. Низомӣ аз мошин берун шуда, бо нияти қатл ба бадани Тоҳир боз 17 зарба бо корд зад. Аммо мошинҳои роҳгузар барои расидан аз ин ҳадафи Толстой монеъ шуданд.

Панҷ моҳ мешавад, ки Тоҳир барои пайдо кардани ҷуброн барои ҷароҳатҳо ва захмҳояш талош дорад. Танҳо дар рӯяш изи ҳафт зарби корд боқӣ монда, дасташ, ки бо он аз зарбаҳо бо корд ҳимоят мекард, тақрибан аз кор мондааст. Муллораҷаб Султонов, падари Тоҳир ҳамаи пулҳояшро барои табобати писараш сарф карда, қарздор шудааст ва ҳоло мехоҳад ҳавлиаашро ба гарав гузорад.

Танҳо умеди оилаи Султоновҳо ба қарори додгоҳ аст. Оилаи ронандаи таксӣ 400 ҳазор рубл ҷубронпулӣ ва таъмири мошинро талаб мекунад. Ба гуфтаи Тоҳир, ин маблағ танҳо барои бозпас додани қарзҳо ва зиндагӣ дар муддате, ки вай наметавонад дубора аз пайи шуғлаш шавад, кифоят мекунаду халос.

XS
SM
MD
LG