Ссылки доступа

Муаллими ошпаз барои лӯлиҳо


Ҷавонони лӯлӣ дар ноҳияи Восеъ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дигар талбандагӣ намекунанд.

Онҳо хона ба хона гашта нони қоқ талаб намекунанду ба фурӯши асбобҳои рӯзғор машғуланд.

Лӯлиҳои Восеъ ҳамакнун дар ошхонае ғизо мехӯранд, ки барои онҳо махсус ташкил шудааст. Ин ошхона анвои ғизохӯрии лӯлиҳоро тағйир додаст, зеро дар гузашта ғизои онҳо асосан аз нони қоқ иборат буд.

Бахтулло Мирзоев, соҳиби ошхона дар гузашта мудири мактаби махус барои лӯлиҳои ноҳияи Восеъ буд. Сӣ сол қабл вай дар наздики маҳалли лӯлинишинҳо қитъаи заминеро гирифт ва ин қитъаи замин ӯро бо сарнавишти лӯлиҳо пайваст. Муаллим соли 2006 барои таъсиси мактаби махсус барои кӯдакони лӯлиҳо саҳм гирифт ва то солҳои ахир мудири ин мактаб буд. Аммо баъд аз бознишаста шуданаш низ натавонист лӯлиҳоро тарк кунад ва дар ин ҷо ошхонаеро барпо кард.

Шомад Бозоров, лӯлии сокини 63 солаи Паҳлавонободи ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки Бахтулло Мирзоев на танҳо барои бачаҳои онҳо дарс мегуфт, балкӣ ба ин деҳа об овард.

Намояндаи дигари лӯлиҳо Зулфиқор Темуров тасдиқ мекунад, ки то омадани ин шахс дар деҳа мушкилоти зиёде буданд, аммо вай барои ҳалли онҳо кумак мекунад. Масалан, бо мусоидати муаллим бархе аз лӯлиҳо ҷойи кор пайдо карда, шаҳодатномаи таваллуд ва шиноснома мегиранд.

Ҳамарӯза аз 30 то 50 нафар дар ин ошхона ғизо мехӯранд. Соҳиби ошхона барои онҳо имтиёзҳо додаст. Муаллим қимати ҳар як намуди ғизои харидаи лӯлиҳоро як сомонӣ арзонтар мекунад. Ба ҷуз аз ин, ошхона ба муштариёни худ дар бештари маврид ба таври насия ғизо медиҳад.

Дар ноҳияи Восеъ ҷамъияти лӯлиҳо қариб 3 ҳазор нафар аст.

XS
SM
MD
LG