Ссылки доступа

Рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ озод шуд


Фаъоли ҷамъиятии Қазоқистон Болатбек Билолов, ки бо иттиҳоми барангехтани адоват ба додгоҳ кашида шуда буд, “гуноҳашро эътироф кард” ва 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Вале баъди қироати ҳукм ӯро аз толори додгоҳ озод карданд.

Болатбек Билолов дар додгоҳи Алмаато гуноҳашро эътироф кард ва изҳори пушаймонӣ намуд, гарчи вай қаблан мегуфт, парвандаи вай на ҷиноятӣ, балки сиёсист. Вай изҳор дошт, “бисёре аз фаъолони ҷамъиятӣ парвандаи ӯро ба ғаразҳои шахсии худашон истифода мебаранд, вале вай акнун дарк кардааст, ки хонаводааш муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст”. Ин фаъоли ҷамъиятӣ ҳамчунин гуфт, “намегузорад, ки парвандааш барои ҳадафҳои сиёсӣ истифода шавад”.

Фаъоли дигари ҷамъиятӣ, узви гуруҳи “Антигептил” Мақсад Илёсули мегӯяд, Болатбек Билоловро мебоист “аз ду якеро – фаъолияти сиёсиву ҷамъиятӣ ва ё хонаводаашро интихоб кунад”.

-Агар Болатбеков мавқеашро тағйир намедод, мумкин буд ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шавад. Ҳарчанд ин душвор буд, вале вай оилаашро интихоб кард. Мо ба ҳамин хулоса расидем. Ва аз ин қарори Болатбеков наранҷидаем, зеро зиндагӣ, ҷамъият ва низоми мо ҳамин гуна аст, - мегӯяд Мақсад Илёсулӣ.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Институти демократия ва ҳуқуқи инсон” Болатбек Билолов моҳи ноябри соли гузашта боздошт шуд. Ӯро дар барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ ва миллӣ бо истифода аз расонаҳо айбдор мекарданд.

Билолов ҳамчунин дар додгоҳ манфиати сокинони Остонаро, ки мушкили манзил доштанд, ҳимоят мекард.

XS
SM
MD
LG