Ссылки доступа

Монеаҳо дар роҳи рушди Тоҷикистон


Дар феҳрасти нави Ҳамоиши байналмиллалии иқтисодӣ (WEF), Тоҷикистон аз лиҳози рақобатпазирӣ дар миёни 140 кишвар ҷойи 80-умро соҳиб шудааст.

Тоҷикистон дар канори Гватемала, Украина, Юнон ва Арманистон қарор дорад.

Як сол пеш Тоҷикистон дар ин рӯйхат мавқеи 92-ро дар ихтиёр дошт. Феҳрасти «Global Competitiveness Report 2015-2016»-ро 20 январ Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ нашр кардааст. Ин рӯйхат дар ҳамоиши Давоси Швейтсария, ки ахиран баргузор шуд, муаррифӣ гардид.

Таҳиякунандаҳои ин феҳраст дастовардҳои Тоҷикистонро тибқи низоми ҳафтарзишӣ бо баҳои 4 арзёбӣ карданд.

Онҳо мегӯянд Тоҷикистон дар ин феҳраст мавқеи худро 11 зина беҳтар кардааст, ки сабабаш беҳбуди бештаре аз нишондодҳо мебошад. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ин кишварро зарур аст мӯҳлати сабти номро кӯтоҳ кунад.

Тоҷикистон дар ин феҳраст аз рӯйи нишондоди сифати роҳҳо ҷойи 82, дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ - ҷойи 133 ва таъмини нерӯи барқ ҷойгоҳи 106 соҳиб шудааст.

Дар ин арзёбӣ ҳамчунин ба қарзи давлатии кишвар, ки ҳаҷмаш беш аз 2 миллиард доллар аст, ишора шудааст. Ҳамчунин 16 монеае номбар шудаанд, ки аз рушди тиҷорат дар Тоҷикистон пешгирӣ мекунанд. Дар миёни онҳо дастрасӣ ба сармоягузорӣ, андозбандии сангин ва фасод ҳастанд.

XS
SM
MD
LG