Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон мумкин аст сомонаҳои иҷтимоӣ ва пайёмакрасонҳоро маҳдуд кунанд


Ҷунбиши ҷамъиятии ҷавонони “Камолот” ба таблиғи маҳдудсозии таъсири бади бархе аз пайёмакрасонҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ ба насли наврасро оғоз кард, хабар медиҳад Sputnik.

Хабар дода мешавад, ки феълан “Камолот” дар аввали масири ин кор аст ва имкониятҳои фаннӣ барои маҳдудсозии фаъолияти бархе аз сомонаҳоро меомӯзад. Telegram, Facebook ва «Одноклассники» мавриди тавваҷӯҳи ин ҷунбиш қарор гирифтаанд.

“Ҳоло ин сомонаҳо на танҳо дар миёни ҷавонони Ӯзбекистон аз маҳбубият бархурдоранд, балкӣ аз сӯйи гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ ва террористӣ барои паҳн кардани иттилои барои наврасон зараровар ва ҷалби аъзои нав ба сафи худ истифода мешаванд. Ба ин сабаб ин масъаларо бояд нағз омӯхта, роҳҳои ҳалли онро пайдо кард”, - гуфтааст мусоҳиби расона.

Ба гуфтаи вай, барои баррасии ҳамаи назарҳо ва манфиатҳо ва таҳияи иқдомҳои пешгирикунанда коршиносони арсаҳои мухталиф ҷалб шуда, таҷрибаи ҷаҳонӣ омӯхта мешавад.

Бояд гуфт, ки феълан дар Ӯзбекистон дастрасӣ ба бештаре аз сомонаҳои мухолифон ва бетарафон маҳдуд карда шудаанд. Созмони байналмиллалии “Гузоришгарони бидуни марз” ҳамасола ин кишварро ба рӯйхати “душмани Интернет” ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG