Ссылки доступа

Дар марз бо Афғонистон ниҳоди махсус таъсис мешавад


Вакилони порлумони Тоҷикистон тағйирот ва ислоҳот ба қонун дар бораи сохтори Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ва таъсиси ниҳоди махсуси иктишофиро тасвиб карданд.

Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба сабаби ташаннуҷи вазъият дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон пешниҳод кард, ки дар сохтори ин ниҳод ҷузъи махсуси иктишофӣ ташкил карда шавад.
22 январ дар ин бора зимни суханронии худ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон фармондеҳи раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хабар дод.

"Вазъият дар марз бо Афғонистон нигаронкунанда аст, зеро бештаре аз минтақаҳои вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон, аз ҷумла Қундуз, Тахор ва Бадахшон зери тасарруфи Толибон аст. Ба ин далел зарурати ташкили ниҳоди махсуси иктишофӣ ба миён омадааст”, - гуфт ҷаноби Раҷабалӣ.

XS
SM
MD
LG