Ссылки доступа

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рӯйхати “кишварҳои хатарнок” шомил шуданд


Дар ин бора маҷаллаи амрикоии Journal Star хабар медиҳад.

Намояндаи иёлоти Кентуккӣ дар Сенат ва номзад ба мақоми президенти ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Рэнд Пол тарҳи қонунеро таҳия кард, ки тибқи он бархе аз кишварҳо ба рӯйхати “кишварҳои хатарзо” шомил мешаванд, ки аз он ҷо имкон дорад ба ИМА террористҳо ворид шаванд. Дар ин бора маҷаллаи амрикоии Journal Star хабар медиҳад.

Тибқи тарҳи ин қонун бо номи “Ҳуҷҷати амниятӣ” мӯҳлати таҳияи виза барои шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигаре ба хотири анҷоми бозрасии изофӣ метавонад то 30 рӯз тӯл кашад.

Гузашта аз ин Департаменти давлатии ИМА метавонад ба қабули гурезагони иҷборӣ аз “кишварҳои бад” маҳдудият роҳандозӣ кунад.

Ба рӯйхати “кишварҳои хатарзо” Афғонистон, Алҷазоир, Баҳрайн, Бангладеш, Миср, Эритрея, Индонезия, Эрон, Ироқ, Ӯрдун, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Қувайт, Лубнон, Либиё, Малӣ, Марокаш, Нигерия, Куриёи Шимолӣ, Уммон, Покистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Сомалӣ, Судон, Сурия, Тунис, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Ӯзбекистон, Яман ва минтақаҳои фаластинӣ шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG