Ссылки доступа

Дар Тошканд ронандаҳои ҳиҷобпӯшро ҷарима мекунанд


Ба гуфтаи сокини Тошканд Наргиза, бозрасони БДА ӯро танҳо барои бо ҳиҷоб ронандагӣ кардан ҷарима бастаанд. Чунин мавридҳо хеле зиёданд.

Аммо раҳбари хадамоти матбуотии бахши амнияти ҳаракат дар роҳи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд Зоирҷон Саидалиев, ин суханҳоро рад мекунад. Бояд гуфт, ки маъракаи мубориза бо ҳиҷобпӯшии занҳо дар Ӯзбекистон соли нахуст мушоҳида намешавад. Қаблан бахшии ӯзбекии Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки кормандони ниҳодҳои интизомӣ занҳоро маҷбур мекунанд, ки рӯсарии худро на ба гунаи кишварҳои арабӣ, балки тибқи расму русуми миллӣ бубанданд.

Дар моҳи декабри соли гузашта расонаҳо навишта буданд, ки кормандони ниҳодҳои қудратӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ӯзбекзанҳои ҳиҷобпӯшро боздошт ва таҳдид мекунанд.Дар сурати саркашӣ кардан аз гирифтани ҳиҷоб, занҳо ба маблағи 700 ҳазор сӯм (қариб 114 доллар) ҷарима ва ё то 2 сол равонаи зиндон мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, фаъолони маҳаллаҳо тасдиқ карданд, ки бо занҳои ҳиҷобпӯш бо супориши ҳукматҳо, шаҳрдорӣ ё ВКД Ӯзбекистон сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд.

Дар моҳи сентябри соли 2015 раҳбарияти таваллудхонаи №2 дар Тошканд аз кормандони худ талаб карда буд, ки ба кор бо рӯсарӣ ҳозир нашаванд ва онҳое, ки аз ин амр сарпечӣ карданд, аз кор барканор шуданд.

XS
SM
MD
LG