Ссылки доступа

Русия тарҳи мубориза бо буҳронро омода мекунад


Тибқи иттилои оҷонсии Reuters, дар доираи гузинаи манфии тарҳи зиддибуҳронӣ вазорати молияи Русия 135 миллиард рубл барои ҳифзи иқтисод ҷудо мекунад.

Оҷонсӣ хабар медиҳад, ки ҳамчунин 340 миллиард рубли дигар барои муқобила бо эҳтимоли эътирозҳои мардумӣ дар робита ба беқурбшавии пули миллӣ ва бадшавии вазъи иқтисодии сокинони оддии Русия, ҷудо шудааст.

Ба вазъи кунунии Русия уфти арзиши нафт, таҳримҳои ғарб дар робита ба мудохилаи Москва ба буҳрони Украина ва беқурбшавии рубли русӣ таъсир амиқ мерасонанд. Ҳафтаи гузашта беқурбшавии рубл ба сатҳи нави рекордӣ расид, ки 1 доллари ИМА ба ивази 84 рубл фурӯхта мешуд, аммо 22 январ дубора ба 78 рубл барои як доллар пойин омад.

Reuters бо такя ба ду манбаи худ дар ҳукумати Русия менависад, тарҳи зиддибуҳронӣ ҳанӯз мукаммал нашудааст. Бино бар иттилои мавҷуда, қисме аз ин пулҳо ба бахшҳои саноату сохтмон равона мешавад. Ба вижа, барои истеҳсоли автомобил 50 миллиард рубл ваъда шудааст.

XS
SM
MD
LG