Ссылки доступа

Дар Қазоқистон фаъолони иҷтимоӣ маҳкум шуданд


Фаъолони шаҳрвандӣ Серикҷон Мамбеталин ва Ермек Наримбоев бо қарори додгоҳ дар Алмаато мутаносибан ба ду ва сели соли зиндон маҳкум шуданд.

Ҳар ду маҳкумшуда бо моддаи 174 Кодекси ҷиноятии он кишвар - “Барангехтани низои иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мазҳабиву динӣ” айбдор гардиданд. Ин айбҳоро маҳкумшудҳо рад мекунанд, ҷонибдорони фаъолони иҷтимоӣ низ мегӯянд, ин парванда ангезаи сиёсӣ дорад.

Маҳкумшудагон ҳамчунин баъди ба озодӣ баромадан, аз машғул шудан ба фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ давоми панҷ сол маҳрум гаштанд.

Парвандаи ҷиноятӣ аз он оғоз шуд, ки фаъолон дар саҳифаҳои фейсбукии худ пораҳое аз китоби “Шамоли кӯча”-ро бознашр карданд. Фаъолон мегӯянд, ин пораҳоро аз Интернет нусхабардорӣ кардаанд. Муаллифи ин китоб, фаъоли дигари шаҳрвандӣ Мурод Телибеков, дар суд шоҳидӣ дод, ки пораҳои нашршуда дар китоби вай ҷой надоранд. Алайҳи Мурод Телибеков низ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Александр Ляхов, муассиси сомонае, ки маҳкумшудагон мегӯянд, пораҳои китобро аз он ҷо нусхабардорӣ кардаанд, низ ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст.

Ермек Наримбоев ва Серикҷон Мамбеталин 12 октябри соли гузашта дар Алмаато боздошт шуданд.

Пештар аз ин Ермек Наримбоев барои баргузор кардани эътирозҳои зиддиҳукуматӣ чанд маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда буд.

Серикҷон Мамбеталин, баъди он ки ҳизби зери раҳбариаш “Руҳоният” аз ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2011 барканор гардид, худи вай аз раисии ҳизб озод шуд ва тариқи шабакаҳои иҷтимолӣ даст ба танқиди ҳукумат зад.

Созмони байналмилалии Human Rights Watch аз Қазоқистон даъват кард, мавҷи нави ҳабси фаъолонро барои озодии баён ва ё танқиди ҳукумат қатъ кунад.

XS
SM
MD
LG