Ссылки доступа

Густариши робитаҳои тиҷоратӣ бо Туркия ҳадафи Қирғизистон аст


Қирғизистон ба нигаҳдошт ва рушди робитаҳо бо Туркия дар ҳама арса ва махсусан ба робитаҳои тиҷоратӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Дар ин бора вазири қирғиз Аризбек Кожошев ҳангоми дидор бо вазири рушди Туркия Ҷавдет Йилмаз дар Анкара изҳор дошт.

Ҷавдет Йилмаз ба навбати худ зикр кард, ки ҳамгироии маъмулӣ, эҳтиром ва ҳимоят ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Қирғизистон ва Туркия мусоидат мекунад.

Кожошев хабар дод, ки Туркия дар сохтори тиҷорати хориҷӣ мавқеи махсус дошта, яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва иқтисодии Қирғизистон мебошад.

Дар 11 моҳи соли 2015 ҳаҷми тиҷорати миёни Қирғизистон ва Туркия 232,8 миллион доллар шуд, ки аз он 77,6 миллион ба содирот ва 155,2 миллион доллари ИМА ба воридот рост меояд.

XS
SM
MD
LG