Ссылки доступа

“Газпром” гуфт, дар Қирғизистон ҳамаи вазифаҳояшро иҷро мекунад


Ширкати “Газпром Қирғизистон” марҳила ба марҳила ҳамаи вазифаҳои худ, ки дар созишномаи миёни ҳукумати Қирғизистон ва Русия зикр шудааст, иҷро мекунад.

Дар ин бора дар маркази матбуотии ширкат хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар барномаи сармоягузории ширкат маблағи 45 миллиардии сармоягузорӣ ба Қирғизистон дар солҳои 2015-2017 ва ҳамчунин пардохтти ҳамаи қарзҳои ширкати “Қирғизгаз”, ки беш аз 54 миллион доллар аст, пешбинӣ шудааст.

Пештар гузориш шуда буд, ки дар аввали соли 2016 “Газпром Қирғизистон” қарзи 41,6 миллион долларӣ дар назди ширкати “ҚазТранГаз”-ро пардохт кардааст. Ҳамчунин қарзҳои мӯҳлаташ гузашатаи 900 миллион сомӣ дар назди будҷа ва созмонҳои байналмиллалӣ пардохта шудааст.

Дар баёнияи матбуотӣ гуфта мешавад, ки “Газпром Қирғизистон” дар чаҳорчӯби нақшаи бо газ таъминкунии кишвар мехоҳад нишондоди газтаъминкунии кишварро то 62% афзоиш дода, беш аз 400 нуқтаҳои аҳолинишинро бо газ таъмин кунад.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи апрели соли 2014 ширкати русии “Газпром” бар ивази 1 доллар соҳиби ширкати “Қирғизгаз” бо ҳамаи қарзҳову ваъдаҳояш шуд.

Он замон раҳбарияти “Газпром” изҳор дошта буд, ки дар нақша дорад барои таҷдиди низоми газтаъминкунии Қирғизистон маблағи 600 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG