Ссылки доступа

Осиёи Марказӣ беҳтарин масири сайёҳии соли 2016 шуд


Осиёи Марказӣ тибқи арзёбии хадамоти сайёҳии канадагии «G Adventures» беҳтарин масири ҷаҳонгардӣ дониста шуд.

Ин ниҳод 5 масири беҳтарини сайёҳии ҷолибро нашр кард. Ҷойи дувум дар ин феҳрастро Ҷопон гирифтааст. Дар ҷойгоҳҳои дигар Бразилияи Шимолӣ, қисмати Шимолу Ғарбии ИМА ва Шри-Ланка қарор доранд.

«G Adventures» – яке аз саршиностарин ширкатҳо дар ҷаҳон аст, ки барои гурӯҳҳои кӯчаки мардум ба минтақаҳои ваҳшии ҷаҳон сафарҳои сайёҳӣ ташкил мекунад. Бо созмонҳои мухталифи зистмуҳитӣ, аз ҷумла бо «Greenpeace» ҳамкорӣ мекунад.

Дар охири моҳи декабри соли 2015 рӯзномаи бритониёии The Guardian дар бораи авлавиятҳои кӯҳнавардӣ дар Қирғизистон матлабе нашр кард. Дар оғози соли 2016 рӯзномаи дигари бритониёии Financial Times Қирғизистонро дар миёни 7 кишвари беҳтарин барои сайёҳӣ номид.

Ҳамчунин пойгоҳи байналмилалии хабарии Business Insider дар матлаби худ Қирғизистонро дар 12 масире қарор дод, ки сайёҳон бояд ҳатман дар соли 2016 аз он дидан кунанд.

XS
SM
MD
LG