Ссылки доступа

Овозхони тоҷик дар Русия 16 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи шаҳри Перми Русия овозхони тоҷикро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Аз ин овозхон ном бурда намешавад, аммо расонаҳо дар моҳи сентябри соли 2014 аз боздошти Қаҳрамон Шарифзода хабар дода буданд. Баъди боздошт шабакаҳои телевизионии Русия дар гузоришҳои худ пораҳое аз суруди "Оре"-и ӯро намоиш медоданд, баъдан маълум шуд, ки ин овозхон Шарифзода аст.

Дар варақаи иттилоотии додситонии шаҳрии Перм гуфта шудааст, ки маҳкумшуда моҳи сентябри соли 2014 ба Перм омада ва аз сӯи мақомоти интизомӣ ҳангоми фурӯши бештар аз 100 грамм ҳероин боздошт гардидааст.

Пештар аз ин ВКД Тоҷикистон боздошти Шарифзодаро дар Русия тасдиқ кард, аммо гуфт, вай ба санъати тоҷик ягон муносибат надорад. Ба иттилои ВКД, Шарифзода зода ва сокини ноҳияи Румии вилояти Хатлон аст. Вай дар рӯйхати "муътодон ва фурӯшандагони" маводи мухаддир сабт шудааст.

Аммо пайвандон ва дӯстони Шарифзода мегӯянд, ин овозхони тоҷик ба Русия барои мардикорӣ ва сабти клипи нав рафтааст.

Шарифзодаи 38-сола ҳамагӣ 4 сол пеш вориди санъат шуда, ҳамагӣ 4 суруд сабт кардааст.

XS
SM
MD
LG