Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон теъдоди наврасони худкуш афзоиш ёфт


Дар ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд хонандаи синфи ҳаштӯми мактаб Рустам Қосимов худкушӣ кард.

Ин фоҷиа 22 январ рух дод. Дар ин рӯзи шум хонандаи 15 солаи мактаби №82 Рустам Қосимов худро ба дор кашида, ҷон бохт.

Муайян шудааст, ки дар марги ин наврас то ҷое мудирияти мактаб низ айбдор аст. Мудири мактаб Замира Усмонова барои анҷоми тафтиши хуби як мақоми “болоӣ” аз муаллимҳо пул ҷамъ мекунад. Модари Рустам, ки дар ҳамин мактаб кор мекард, низ маблағе супорид.

Худи ҳамон рӯз дар оилаи Рустам ба сабаби пул ҷанҷоле рух дод ва падараш модари наврасро сахт латукӯб кард. Ин наврас мехост модарашро аз латукӯби падараш наҷот диҳад ва барои пулдуздӣ ба хонаи ҳамсоя меравад. Вақте дуздии наврас ошкор шуд, вай худкушӣ кард”, - мегӯянд муаллимони мактаб.

Ошкор шуд, ки Рустам Қосимов аз бемории роҳи нафас ранҷ мекашиду таҳсилаш дар мактаб қаноатбахш набуд. Ҳарчанд модараш дар мактаб муаллима буд, аммо ба сабаби фазои носолими оилавӣ наврас бе назорати волидайн гузошта шуда буд.

Зимни шарҳи ин ҳодиса як корманди комиссияи кор бо ноболиғони назди додситонии вилояти Самарқанд мегӯяд, ки ҳарчанд миқдори ҷиноят дар миёни ноболиғон коҳиш меёбад, аммо мавриди худкушии наврасон ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.

Бояд гуфт, ки ин нахустин мавриди худкушӣ дар миёни наврасони ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд нест. Дар моҳи октябри соли гузашта маҳз дар ҳамин мактаб талабаи синфи ҳафтум Соҳиба Туримова худкушӣ карда буд. Ҷасади дар дор овезони ӯро дар яке аз бошгоҳҳои саҳрои атроф пайдо карданд.

Омори мавҷуда низ тасдиқ мекунад, ки дар солҳои ахир дар Ӯзбекистон мавридҳои ба ин монанди худкушӣ дар миёни талабаҳои мактабҳо афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG