Ссылки доступа

Дар кӯҳистони Алмаато хориҷие ҷон бохт


Имрӯз дар наздикии Алмаато, дар атрофи осоишгоҳи лижаронии кӯҳистонии Шимбулоқ наҷотбахшон ҷасади сайёҳи хориҷиро пайдо карданд.

Тибқи иттилои аввалия, ин сайёҳ аз Лаҳистон буда, ду рӯз пеш нопадид шудааст.

Ба иттилои намояндаи раёсати ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Алмаато Сандугаш Баймуҳамбетов, ҷасади шаҳрванди Лаҳистон соати нӯҳу бист дақиқаи субҳ дар қисмати чапи дараи Талгар ошкор шудааст. Эҳтимол меравад вай дар пайи сардӣ ҷон бохтааст.

Пештар расонаҳои маҳаллӣ дар бораи нопадид шудани сайёҳи лаҳистоние хабар доданд, ки 24 январ барои тамошо ба атрофи Шимбулоқ рафтааст.

XS
SM
MD
LG