Ссылки доступа

“Бачабозӣ” дар Афғонистон


Бачабозӣ дар Афғонистон
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:15 0:00

Мақомоти Афғонистон наметавонанд анъанаи ғайриқонунии “бачабозӣ” ва ё хушунатеро, ки бачаҳои ноболиғро маҷбур ба рақси занона месозанд, аз байн бибаранд.

Дар Афғонистон кӯдаконро бо ваъдаи даромади ҳангуфт ба ҷашнҳои хусусӣ барои рақс даъват мекунанд, аммо баъзан ин кӯдакон аз сӯи “фармоишгарон” таҷовуз мешаванд. Бисёриҳо ин амалро нодида мегиранд ва мегӯянд, ин анъанаи қадимии “бачабозист”. Ба гуфтаи худи кӯдакон, онҳоро ба танфурӯшӣ ва бардагии шаҳвонӣ ҷалб мекунанд.

Сарфи назар аз ин ки ин амал ғайриқонунист, вале мақомоти афғон роҳи ҳали онро пайдо накардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Афғонистон мегӯянд, ин анъанаи шармовар боиси дуздии атфол мешавад. “Онҳоро медузданд, ба вилоятҳои дигар мебаранд ва мисли барда ё ғулом истифода мебаранд”, - мегӯяд Сима Самар, роҳбари Комисияи мустақили ҳуқуқи инсон дар Афғонистон.

Дар замони ҳукмронии Толибон “бачабозӣ” манъ гардида буд. Аммо баъди заволи ҳукумати Толибон ин анъана дубора роиҷ шуд. Мақомот мегӯянд, наметавонанд маъракаороёни “бачабозиро” пайдо ва муҷозот кунанд, аммо дар ин навор дида мешавад, ки як пулиси афғон ҷавонро ба рақсидан маҷбур месозад. Бисёре аз афғонҳо бар ин назаранд, ки то замоне фақр ва бесуботӣ дар ин кишвар роиҷ аст, “бачабозиро” маҳв кардан имкон надорад.

Бачабозӣ дар Афғонистон
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:15 0:00

XS
SM
MD
LG