Ссылки доступа

САҲА аз ҳукми блогнависон дар Қазоқистон интиқод кард


Намояндаи САҲА дар умури озодии расонаҳо Дуня Миятович гуфт, қарори додгоҳи Алмаато нисбати ду блогнавис талоши дигаре барои хомӯш кардани озодии баён дар Қазоқистон аст.

22 январ блогнавис Серикҷон Мамбеталин ва Ермек Наимбоев мутаносибан ба ду ва се соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ду блогнавис дар саҳифаҳои худ дар Фейсбук пораҳое аз китоби Мурод Телибековро нашр карда буданд. Мурод Телибеков худро роҳбари Иттифоқи мусалмонҳои Қазоқистон меномад.

Ҳар ду блогнавис дар моҳи октябри соли гузашта боздошт ва тибқи моддаи 174-и Кодекси ҷиноятии он кишвар – барангехтани адовати иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, синфӣ ва мазҳабӣ муттаҳам шуданд.

“Ин як қадами дигар ба сӯи саркӯб кардани интиқодгарон аст”, - гуфт Миятович. “Бо назардошти далелҳои пешини таъқиби журналистон ва блогнависон, метавон гуфт, ки вазъи озодии баён дар Қазоқистон нигаронкунанда аст”, - афзудааст Миятович.

Аз замони зиндонӣ шудани блогнависон Игор Сичев ва Ермек Тайчибеков муҳлати зиёде нагузаштааст. Фаъоли шаҳрвандӣ Болатбек Билолов 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Рӯзноманигорон Ғизол Байдалинова ва Юлия Козлова барои фаъолияти касбияшон таҳти бозҷӯӣ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG