Ссылки доступа

Никоҳи “навбатии” ҳамсари собиқи Путин


Ҳамсари собиқи президенти Русия Владимир Путин шавҳар кардааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии НТВ.

Ин шабака ваъда додааст, ки исми шавҳари нави Людмила Путинаро ошкор хоҳад кард.

Ҳафтаи гузашта маҷаллаи “Собеседник” бо нашри таҳқиқоте хабар дод, ки ҳамсари собиқи президент Людмила Путина насабашро ба Очеретная иваз кардааст. Ба иттилои маҷалла, вай ҳамсари роҳбари 37-солаи Маркази рушди робитаҳои байниинсонӣ Артур Очеретной шудааст. Артур дар гузашта дар ширкати “Арт шоу центр” фаъолият мекард, ки маросимҳои зиёде, аз ҷумла барои ҳизби “Русия воҳид”, баргузор кардааст.

25 январ маълумот дар бораи иваз кардани насабро дар Бунёди мубориза бо фасод санҷида ва тасдиқ карданд. Кормандони ин Бунёд хабар доданд, ки дар моҳи августи соли 2015 манзиле дар Петербург, ки пештар ба Людмила Александровна Путина тааллуқ дошт, акнун моликияти Людмила Александровна Очеретная шудааст, ки макон ва замони таваллудаш бо ҳамсари пешини президенти Русия мувофиқат мекунад.

Владимир Путин моҳи июли соли 2013 эълон карда буд, ки аз ҳамсараш ҷудо мешавад.

XS
SM
MD
LG