Ссылки доступа

Ҳокими Алмаато: низоми “Онай” дороиҳоро аз “соя” берун мебарорад


Ҳокими шаҳри Алмаато Бауирҷон Байбек мегӯяд, ки низоми электронии пардохти ҳаққи роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Алмаато маблағҳои зиёдеро аз иқтисоди соягӣ берун меоварад.

“Мо барои дарки ҳаҷми ин бозор фурсат хостем. Ин бозор шаффофу қобили дарк набуд: даромаду харҷаш чӣ қадар аст? Пулҳо куҷо мешаванд? Ҳоло мо мебинем, ки ҳаҷми бозори нақлиёти ҷамъиятӣ дар Алмаато 19-20 миллиард танга (50-52 миллион доллар) аст. Яъне, шаш-ҳафт миллиард тангаро мо аз иқтисоди “сиёҳи шаҳр” берун меорем”, - гуфт ҳокими Алмаато дар нишасти хабарӣ дар Остона.

Аз 11 январи соли 2016 дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Алмаато пардохти ҳаққи роҳкиро бо пули нақд катъиян манъ шуд. Мусофирон вазифадоранд ҳаққи роҳкироро бо кортҳои “Онай” тавассути махзанҳои электронии насбшуда дар нақлиёт пардохт кунанд. Арзиши як роҳкиро 80 танга аст. Барои донишҷӯёни донишгоҳҳои шаҳр ва бознишастаҳо кортҳои ботахфиф дода мешавад, ки арзиши роҳкиро тавассути онҳо 50 фоиз камтар аст.

Роҳандозии ин низом боиси норизоиятии ронандаҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ шуд. Бархе аз мусофирон низ аз бекор шудани билетҳои роҳкиро изҳори норозигӣ карданд. Бауирҷон Байбек гуфт, ки эҳтимол дорад дар Алмаато билетҳои роҳкиро дубора роҳандозӣ шаванд, ки моҳе пеш бекор шуда буданд. Чунин тасмимро ба гуфтаи ҳокими шаҳр метавонад Маслиҳат - ноҳоди машваратии шаҳр бигирад.

XS
SM
MD
LG