Ссылки доступа

Тоҷикистон: 9 соли зиндон барои ивази ғайриқонунии асъор


Барои мубодилаи ғайриқонунии асъор дар Тоҷикистон 9 соли зиндон пешниҳод шуд.

Масъулони Бонки миллӣ бар ин боваранд, ки иқдоми мазкур метавонад садди роҳи мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллари ИМА гардад.

Дар охири соли гузашта мақомоти тоҷик нуқтаҳои хусусии мубодилаи асъорро сабабгори уфти арзиши пули миллӣ - сомонӣ номиданд. Моҳи декабр чанд саррофро низ барои худсарона боло бурдани асъори хориҷӣ ҷарима карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар кишвар фаъолияти нуқтаҳои хусусии табодули арз манъ шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар кишвар танҳо дар бонкҳо мумкин аст арзи хориҷиро ба арзи миллӣ мубодила кард. Дар натиҷаи ин сиёсат дар Тоҷикистон "бозори сиёҳи" арз пайдо шуд. Қисме аз саррофони пешин акнун фаъолияташонро ба "бозори сиёҳ" кӯчониданд.

XS
SM
MD
LG