Ссылки доступа

Рӯзи байналмилалии гиромидошти қурбониёни Ҳолокост


27 январ, солгарди озодсозии урдугоҳи нозиҳои олмонӣ аз сӯи Артиши Сурх аст, ки дар бисёре аз кишварҳо ҳамчун рӯзи байналмилалии қурбониёни Ҳолокост гиромӣ дошта мешавад.

Ин рӯзро дар Олмон ҳамчун рӯзи гиромидошти қурбониёни миллатгароиву сотсиалистӣ ёд мекунанд. Соати 12 вақти Олмон дар Берлин имрӯз ҷаласаи анъанавии бундестаг, бахшида ба ин санаи таърихӣ баргузор шуд.

Дар арафаи ёдоварии озодии урдугоҳи Освентсим дар Берлин дар Осорхонаи таърихии немисӣ намошгоҳи асарҳои зиндониёни урдугоҳи нозиҳо кушода шуд. Ин намоишгоҳ "Санъат аз Ҳолокост" ном гирифтааст.

Зимни суханронӣ дар ин намоишгоҳ садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, хотираи Ҳолокост бояд барои ҳамеша ёдоварӣ шавад.

XS
SM
MD
LG