Ссылки доступа

Пешгирӣ аз худкушӣ дар Қирғизистон


Як ҷавондухтар дар Қирғизистон, дар навори видиоеи, ки донаҳои офтобпарастро дар замин мепошид, қасди худкушӣ кард, хабар медиҳад пулис.

Ҷузъиёти дигари ҳодиса хабар дода нашудааст. Ӯро дар беморхона бистарӣ кардаанд. Пулис мегӯяд, вай миқдори зиёди дору истеъмол кардааст.

Шаҳрдории Бишкек мегӯяд, барои пошидани донаи офтобпараст дар ҷои ҷамъиятӣ нисбати он духтар санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ба далели дар беморхона будани духтар, баррасии парвандаи вай мавқуф гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, дар ибтидои моҳи январ дар Интернет наворе паҳн гардид, ки ду ҷавондухтар донаи офтобпарастро хоида, дар замин мепошиданд. Яке аз духтарон дар ин навор мегӯяд “боғҳоро барои он бунёд кардаанд, ки ифлос кунем. Тозагиро бошад, бигзор давлат ба вуҷуд орад”. Ин гуфтаҳои вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси вокуниши корбарон шуд.

XS
SM
MD
LG