Ссылки доступа

Отай Омурзоқов дар Ҷашнвораи ҷаҳонӣ ширкат мекунад


Отай Омурзоқов, раққоси қирғиз ва шогирдонаш ин рӯзҳо дар ҷашнвораи байналхалқии Du Cirque de dimain дар Порис ширкат меварзанд.

Дар ин бора худи Омурзоқов дар саҳифаи Фейсбукиаш навиштааст.

“Барои иштирок дар ҷашнвораи васеи Du Cirque de dimain, ки беҳтарин истеъдодҳоро аз саросари ҷаҳон гирди ҳам меорад, омадаем. Қирғизистон бори аввал дар ин ҷашнвора ширкат мекунад”, - навиштааст Омурзоқов.

Ҷашнвораи ҳунарии сиркбозӣ ва раққосӣ 28 январ шуруъ шуд, ки то 31 январ идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG