Ссылки доступа

Вакилон мехоҳанд соҳибкорон тафтиш нашаванд


Як гуруҳи вакилони парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонунеро омода карда, хостаанд, соҳибкорон аз тафтишҳои идораи андоз барои як муҳлат озод шаванд.

Ин ҳуҷҷат дар сомонаи расмии парлумони он кишвар нашр шудааст.

Лоиҳаи қонун пешниҳод мекунад, ки аз 1 апрел то 31 декабри соли 2016 ба тафтишҳо ва санҷишҳои идораи андоз моратория эълон шавад, то ин ки соҳибкорон аз таку дави идорӣ раҳо шаванд, фаъолияти иқтисодии шаҳрвандон боло равад, шумори соҳибкорон афзоиш ёбад ва субъектҳои тиҷорӣ биафзояд.

Аммо дар лоиҳа дарҷ гаштааст, ки идораи андоз метавонад бо дархости идораҳои қудратӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ ва далелҳои равшани пинҳон кардани андозҳо, фаъолияти соҳибкоронро тафтиш кунад.

Ин лоиҳаро вакилони Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон навиштаанд ва 27 январ дар парлумон сабти ном шудааст. Дар идома лоиҳа барои баррасӣ ба кумитаҳои парлумон фиристода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG