Ссылки доступа

Ӯзбекистон ба рӯйхати кишварҳои “ноозод” ворид шуд


Созмони байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи инсони Freedom House гузоришеро бо номи “Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2016” нашр кард.

Дар ин гузориш дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи риояи ҳуқуқҳои озодӣ, аз ҷумлаи озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ нигаронкунанда аст.

Дар ин гузориш вазъи озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар 195 кишвари ҷаҳон баррасӣ мешавад, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд: “озод”, “қисман озод” ва “ноозод”. Ҳамаи панҷ кишвари минтақа ба арзёбии Freedom House, “ноозод” мебошанд.

Дар гузориши Freedom House Ӯзбекистон дар рӯйхати кишварҳои “ноозод” дар ҷойи севум қарор дорад. Ба эътиқоди таҳиякунандаҳои ин гузориш, ин кишвар дар миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар заминаи риояи озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ бадтарин аст.

Дар ҷойгоҳи чаҳоруми феҳрасти Freedom House Туркманистон қарор гирифтааст. Дар гузориш зикр мешавад, ки нишондодҳои озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар ин кишвар монанди Ӯзбекистон мебошанд.

Тоҷикистон, ки дар арзёбии созмони саршиноси амрикоии ҳимояи ҳуқуқи инсони Freedom House соҳиби 16 нуқта шуда, низ ба гурӯҳи кишварҳои “ноозод” ворид шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон иддао мекунанд, ки ҳокимияти президент Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошҳоро анҷом дод, ки Ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли гузашта соҳиби ҳатто як ҷой нашавад.

Қазоқистон дар арзёбии Freedom House дар ҷойи 24 қарор гирифта, дар заминаи озодиҳои сиёсӣ шаш ва дар заминаи озодиҳои шаҳрвандӣ соҳиби панҷ имтиёз шудааст.

Дар Феҳрасти Freedom House Қирғизистон ҷойгоҳи 38-ро соҳиб шудааст. Коршиносони ин созмон бар ин назаранд, ки ин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳама озодтар аст.

Дар ҳамин ҳол дар феҳрасти Transparency International ҷойгоҳи Ӯзбекистон дар канори Зимбабве, Эритреей, Сурия ва Туркманистон аст.

Дар соли ҷорӣ Дания, Зеландияи Нав ва Финляндия кишварҳои озод аз фасод дониста шуда, Судон, Куриёи Шимолӣ ва Сомалӣ фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ шудааст. Арзёбии вазъи фасод дар 168 кишвари ҷаҳон анҷом дода шудааст.

Муаллифони ин арзёбӣ мегӯянд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар рӯйхати кишварҳои фасодзатарин ва ғайри шаффоф шомил шудаанд.

Арзёбии ин созмон бар пояи пурсишҳои мустақиле сурат мегирад, ки дар онҳо коршиносони байналмиллалии молӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон ширкат мекунанд. Арзёбӣ тавассути холҳо 0 (сатҳи баландтарини фасод) то 100 (набудани фасод) анҷом дода мешавад. То ҳол ҳеҷ кишваре 100 хол нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG