Додситони вилоят Ҳабибулло Воҳидов дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки нисбати 73 нафар парвандаҳои ҷиноӣ ва нисбати 285 нафари дигар парвандаҳои маъмурӣ боз шудааст, хабар медиҳад имрӯз Озодӣ.
Дар моҳи декабр Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ҳамаи нуқтаҳои табодули асъори берун аз бонкҳоро манъ ва онҳоро дар боло бурдани қурби асъор айбдор кард. Тибқи қоидаҳои нав ҳамакнун ҳамаи амалиёт бо асъорро танҳо дар бонкҳо ва муассисаҳои қарзӣ метавон анҷом дод. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода 26 январ гуфт, ки мақомоти кишвар эҳтимоли роҳандозии ҷазои зиндон барои “амалиёти ғайриқонунӣ бо асъорро баррасӣ мекунад”. Вай гуфт, ки ҳама гуна амалиёт бо арз берун аз бонкҳо ва ниҳодҳои расмии молӣ ғайриқонунӣ аст.