Ссылки доступа

Амур Темурро ҷазо дод


Боғи ҳайвоноти Примори Русия навореро нашр кард, ки дар он дида мешавад, паланг Амур барои рафтори ношоиста буз Темурро ҷазо медиҳад.

Дар сомонаи боғи ҳайвонот омадааст, ки Темури беҳаё билохира Амури пурсабрро ба хашм овард. Темур Амурро бо шохҳояш мезад ва нағмабозӣ мекард. Билохира Темур ба Амур ҳамла кард. Амур аз ҷояш бархест ва Темурро мисле, ки гурбаро ҳаво медиҳанд, ҳаво дод. Баъди ин паланг дубора ба хоб рафт. Амур ба Темур ҳамла накард. Амури пурсабр Темури беҳаёро ҷазо дод”.

Кормандони боғи вуҳуш Темурро барои муоина бурдаанд. “Дар ҳоли ҳозир Темур худро хуб эҳсос мекунад”, - омадааст дар сомонаи боғи ҳайвоноти Примори Русия.

Ёдрас мешавем, паланг Амур ва буз Темур дар боғи ҳайвоноти Примор бо ҳамдигар унс гирифтанд. Амур ба буз ва харгӯшҳо ҳамла мекунад. Аммо ин бузро вай сайд накард.

Кормандони боғи ҳайвонот ин бузро барои ҷасораташ Темур ном ниҳоданд. Буз палангро пешвои худ интихоб карда, ҳама ҷо ба дунболи вай мегардад.

XS
SM
MD
LG