Ссылки доступа

"Кант" иншооти ҳарбии Русияро муттаҳид мекунад


Cоли ҷорӣ дар Бахши марказӣ чорабиниҳои муносибсозии сохтори ташкиливу ҳайат доир мешавад, ки ба пойгоҳҳои ҳарбии мустақар дар хориҷ низ дахл дорад.

Пойгоҳи ҳавоии Русия, ки дар фурудгоҳи Канти Қирғизистон ҷойгир аст, соли ҷорӣ ҳамаи техникаи мавҷудаи Русия дар ин кишварро ҷамъ меоварад, дар ин бора ба Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ фармондеҳи нерӯҳои Бахши низомии марказӣ генерал-полковник Владимир Заруднитский хабар дод.

Ба гуфтаи вай, соли ҷорӣ дар Бахши марказӣ ислоҳоти сохторӣ ба пойгоҳҳои ҳарбии мустақар дар хориҷи Русия низ дахл хоҳад кард. Барои мисол, дар соли 2016 ҳамаи иншооти низомии Русия дар Қирғизистон ба ҳайати муттаҳидае, ки дар асоси пойгоҳи ҳарбии Кант таъсис мешавад, ворид хоҳанд шуд.

Пойгоҳи ҳавоии Кант – фурудгоҳи низоимест дар вилояти Чуйи Қирғизистон, ки Русия дар ихтиёр дорад. Ин пойгоҳ дар 20-километрии шарқи Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҷойгир аст. Дар ин фурудгоҳ пойгоҳи ҳавоии 999-уми Русия мустақар аст.

Тибқи иттилои расмӣ, Русия дар ҳудуди Қирғизистон 5 объекти ҳарбӣ дорад: пойгоҳи ҳавоӣ дар шаҳри Кант, Пойгоҳи санҷишӣ дар шаҳри Қаракӯл, нуктаи 338-уми алоқа дар шаҳри Қарабалтай, Нахустин пойгоҳи системаи худкор ва Озмоишгоҳи 17-уми зилзиласанҷии Хадамоти зилзиласанҷӣ.

XS
SM
MD
LG