Ссылки доступа

Нерӯҳои ҳавоии Туркия дар ҳолати омодабош қарор доранд


Фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии Туркия воҳиди зери назорати худро ба далели хатари сатҳи “зард” ба ҳолати омодабош даровардааст.

Дар ин бора оҷонсии хабаргузории Анатолӣ иттилоъ медиҳад.

Пештар Туркия гуфта буд, ки ҳавопаймоҳои низомии Русия дубора ҳарими ҳавоияшро рахна кардаанд. Ин ҳодиса баъди ду моҳи сарнагун шудани ҳавопаймои Русия аз сӯи Туркия рух додааст.

Президенти ин кишвар Раҷаб Эрдуғон 30 январ Русияро огоҳ кард, ки агар ин кишвар мисли пешин ҳарими ҳавоии Туркияро рахна кунад, ин аъмол пайомаде хоҳад дошт. Вазорати хориҷии Туркия гуфт, ҳавопаймои Су-34-и Русия рӯзи 29 январ ҳарими ҳавоии Туркияро рахна кардааст. Дар бораи ин ки маҳз дар кадом минтақа ин ҳодиса рух додааст, хабар дода намешавад.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия Русияро дар шиддат бахшидани низоъ байни ду кишвар айбдор мекунад. Ин вазорат ҳамчунин хабар медиҳад, ки ахиран ба сафири Русия дар Анкара нотаи эътирозӣ супоридааст.

Муносибати Русия ва Туркия баъди сарнагун кардани ҳавопаймоии русии Су-24 аз сӯи Туркия дар таърихи 24 ноябри соли 2015 бад гардид. Анкар мегӯяд, ин ҳавопаймо ҳарими ҳавоияшро рахна карда буд, аммо Москва даъвои Анкараро рад карда ва алайҳи Туркия таҳрим эълон намуд.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз Русия даъват кард, ки “рафтори бомасъулият дошта бошад ва ба ҳарими ҳавоии НАТО эҳтиром гузорад”. Столтенберг гуфт, Русия бояд ҳамаи масъулиятро ба душ гирад, то ин ки чунин иштибоҳҳо такрор нашаванд. “Иттиҳоди ҳарбӣ бо аъзои НАТО - Туркия “ҳамраъй” аст”, - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG