Ссылки доступа

Моҷарои нав бо ҳавопаймои русӣ бар фарози Туркия


Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу ба дурустии иттилоъ дар бораи рахнаи ҳарими ҳавоии кишвараш аз сӯйи ҳавопаймои низомии Русия пойфишорӣ дорад.

“Русия наметавонад рахнаи ҳарими ҳавоии моро махфӣ нигаҳ дорад. Чун ин ҳодиса сурат гирифтааст, нодида гирифтани он ғайриимкон аст”, - гуфт нахуствазири Туркия дар нишасти матбуотӣ дар Риёз.

Ҳамчунин дар пойтахти Арабистони Саудӣ вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу гуфт, ки кишвараш далелҳои худро ба мақомоти Русия пешниҳод кардааст.

Пештар ВКХ Туркия хабар дод, ки 29 январ ҳавопаймои бомбандози Су-34-и Русия ҳарими ҳавоии ин кишварро вайрон карда, ба ҳушдорҳои батакрор эътино накардааст. Ин вазоратхона Русияро ба эҷоди ташаннуҷ дар робитаҳои миёни ду кишвар айбдор карда, ҳушдор дод, ки Москва барои ҳамаи оқибатҳои “тарсомез” посух хоҳад дод.

Намояндаи вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков гуфт, ки иддаои Анкара “таблиғотӣ ва бепоя” буда, ҳавопаймои русӣ ҳарими ҳавоии Туркияро аслан вайрон накардааст.

Баъд аз он, ки Туркия дар охири моҳи ноябри соли 2015 дар наздики марзаш бо Сурия ҳавопаймои бомбаандози русиро маҳв кард, робитаҳои миёни ду кишвар ба якборагӣ рӯ ба сардӣ ниҳод. Дар посух Русия нисбати Туркия чанд маҳдудият ҷорӣ кард. Аз ҷумла, воридоти молҳои туркӣ ба Русия ва истироҳати шаҳрвандони Русия дар Туркия манъ карда шуданд. Ҳамчунин имзои қарордодҳи нав бо ширкатҳои сохтмонии туркӣ манъ ва низоми бевиза барои шаҳрвандони Туркия бекор карда шуд.

XS
SM
MD
LG