Ссылки доступа

Иқдоми кумак ба қирғизҳои Помир


4 феврал дар Бишкек маъракаи ҷамъоварии кумак барои қирғизтаборони кӯҳистони Помир дар Афғонистон баргузор мешавад.

Ин иқдомро созмони ҷамъиятии “Элден элғе” баргузор мекунад.

Ҳамаи хоҳишмандон ба ҳамқавмҳои худ метавонанд чизи дилхосташонро тақдим кунанд.

Ба Идораи ахбори Осиёи Марказӣ дар ин созмон хабар доданд, ки ин иқдом дар толори маркази тиҷоратии “Бишкек-Парк” баргузор мешавад. Ҳамаи чизҳои ҷамъоваришударо гурӯҳи мутасаддиён ба қирғизтаборони Помир, ки сафари онҳо 10 феврали соли 2016 шурӯъ мешавад, хоҳад расонид.

XS
SM
MD
LG