Ссылки доступа

Муҳокимаи халқии волидайне, ки фарзандонашон Сурия рафтаанд


Телевизиони давлатии Ӯзбекистон барномаеро пахш кард, ки дар он дида мешавад, мардум падару модаронеро, ки фарзандонашон ба Сурия рафтаанд, танқиду таҳқир мекунанд.

Бинандагон мегӯянд, дар ин барнома раисон ва сокинони маҳаллаҳо дар Бухорову Андиҷон ва Сурхондарё волидонеро, ки фарзандонашон ба ҷангҳои Сурия рафтаанд, муҳокима мекунанд.

"Дар сарзамини муқаддаси мо асрҳо муносибатҳои намунавии оилавӣ вуҷуд доштанд. Касеро, ки ғами ояндаи фарзандонашро намехӯрд, намебахшиданд. Боиси таассуфи зиёд аст, ки ҳоло бархе аз хонаводаҳо масъулияти падару модариро фаромӯш карда ва фарзандони худро ҳамчун хоини ватан тарбия кардаанд", - садо медиҳад дар барномаи телевизионӣ.

Дар навор падару модароне ба чашм мехӯрданд, ки фарзандонашон ба Сурия рафта ва онҳо бо сари хам дар ҷамъомад ҳузур доштанд ва бархеашон мегиристанд. Дар идомаи навор сокинони маҳаллиро нишон доданд, ки ин афродро нафрину таҳқир намуданд.

Фаъоли маҳаллӣ аз вилояти Ҷиззах Очил Мирзоев мегӯяд, аз маҳаллаи онҳо касе ба ҷиҳод нарафтааст. Аммо сарфи назар аз ин, мақомот миёни сокинон ба таври мудовим мулоқот доир мекунанд ва сокинонро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд.

- Дар маҳаллаи мо на газ ҳасту на нерӯи барқ, аммо ин гуна маҷлисҳо ҳаст. Ман раиси кӯчаамон ҳастам ва нисбати ҷиҳод хеле сахтгирам. Мо хеле вақт шуд, ки алайҳи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро таблиғ мекунем, - мегӯяд Мирзоев.

Чанде пеш расонаҳо навишта буданд, ки омӯзгори 53-сола аз вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон Шаҳодат Баҳодурова 14 январ дар пайи таҳқири мақомоти маҳаллӣ худкушӣ кардааст.

Баъди зиндонӣ шудани писараш, ки дар тундгароӣ айбдор мешуд, Баҳодурова чанд муддат зери фишори кормандони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ва роҳбарияти мактаб қарор гирифт. Ҳамчунин баъди боздошти писараш, духтари Баҳодурова низ аз донишкада хориҷ шуд. Ин занро доиман ба мақомот даъват ва бозпурсӣ мекарданд. Билохира вай ба ин фишорҳо тоб наоварда, худро ба дор овехт. Пеш аз худкушиаш вай дар ин бора ба ҳамкоронаш мактуб навиштааст, - нақл мекунад яке аз ҳамкорони Баҳодурова.

Тибқи маълумотҳои мухталиф, дар ҳоли ҳозир аз 500 то 3 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар гуруҳҳои ҷиҳодӣ шомил ҳастанд. Хабар дода мешавад, ки бисёрии онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гуруҳҳои тундгаро ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG