Ссылки доступа

Мухолифони Сурия мегӯянд, намояндаи СММ “пеш аз пода чанг меандозад”


Кумитаи олии музокиротӣ - гурӯҳи пешсафи мухолифони Сурия, ба ин назар аст, ки намояндаи махсуси СММ дар корҳои Сурия Стефан де Мистура бо эълони оғози музокироти ҳалли қазияи Сурия “пеш аз пода чангро барангехт”.

“Мо ба намояндаи махсуси СММ пайёми рӯшане додем, ки вай набояд ҳамкорӣ бо моро оғози музокирот дар раванди сулҳ арзёбӣ кунад”, - гуфт намояндаи гурӯҳи мухолифон Манзур Маҳус. Ба гуфтаи вай, ширкати Кумитаи олии музокиротӣ танҳо дар ҳоле имконпазир мешавад, ки ҳукумати Сурия дар чанд рӯзи наздик иқдомҳои мушаххаси мусбат барои беҳтар кардани вазъи суриягиҳоро анҷом диҳад. “Агар ин кор сурат нагирад, намояндагони кумита сари мизи музокирот наменишинанд”, - таъкид кард Маҳус.

Рӯзи душанбе Стаффан де Мистура дар бораи шурӯи музокироти Сурия дар Женева эълон кард. Ҳадафи ин музокирот мусоидат дар анҷоми ҷанги дохилаи панҷсола дар ин кишвар мебошад. Ба гуфтаи де Мистура, масъулияти қарордоди оташбасро кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба дӯш доранд ва масъулияти шахсиаш ба иҷрои қатъномаи СММ дар мавриди қонуни асосии нав ва баргузории интихобот дар Ҷумҳурии Арабии Сурия маҳдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG