Ссылки доступа

Симои аслии Тошканд маҷбуран барқарор мешавад


Шаҳрдории Тошканд сокинони пойтахти Ӯзбекистонро водор мекунад, ки антенаҳои моҳвораиро баркананд ва тирезаҳои сиёҳшишаашонро ба тирезаҳои маъмулӣ иваз намоянд.

Ба ин тартиб, пойтахти Ӯзбекистон ба саммити Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар моҳи июни имсол дар назар аст, омода мешавад.

Бино бар иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, идораҳои хоҷагию манзилӣ, бо такя ба қарори маъмурияти ноҳияҳои марказии пойтахт ва раиси шаҳр, ба сокинон дастур додаанд, ки дар муддати кутоҳ "шакли аслии биноҳоро барқарор намоянд".

Симои аслии биноҳо бояд давоми даҳ рӯз барқарор карда шавад.

Барои саркашӣ кардан аз ин талабот тибқи моддаи 160 Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ӯзбекистон, ҷарима аз панҷ то 10 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG