Ссылки доступа

Иқтисоди Ӯзбекистон “саркӯбгарона” унвон шуд


Бунёди The Heritage Foundation (“Бунёди мерос”) ва маҷаллаи амрикоии The Wall Street Journal феҳрасти ҳамасолаи озодиҳои иқтисодӣ «Index of Economic Freedom 2016»-ро нашр карданд.

Ин рӯйхат 178 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст ва дар он Ӯзбекистон дар ҷойи 166 қарор дорад. Пеш аз Ӯзбекистон дар ин феҳраст Кирибатӣ (165), Чад (164), Конго (163), Украина (162) ва Туркманистон (174) ҷой гирифтаанд.

Дар муқоиса бо рӯйхати пешина Ӯзбекистон нишондодҳои бадтаре пайдо карда, аз ҷойи 160 боз шаш зина пойин омад. Арзёбии умумии кишвар аз 47 то ба 46 нуқта коҳиш ёфт. Ин бунёд Ӯзбекистонро ба гурӯҳи кишварҳои дорои “иқтисоди саркӯбгарона” ворид кард. Ӯзбекистон соли 2015 низ дар миёни ин кишварҳо қарор дошт.

Таҳиягарони феҳраст менависанд, ки дар Ӯзбекистон фасоди густарда вуҷуд дорад. “Ҳокимияти судӣ дар итоати президенти кишвар аст. Раиси ҷумҳур онҳоро таъйин мекунаду ҳар вақте хоҳад барканор месозад. Амалҳои додгоҳӣ ҷавобгӯи меъёрҳои байналмиллӣ нестанд ва нафарони сарватманду мақомдор метавонанд бе тарс аз ҷавобгарӣ рафтор кунанд. Арсаи молия мавриди мудохилаи густурдаи давлатӣ қарор дорад”, - навиштаанд таҳиякунандаҳои ин гузориш.

Ба ҷуз аз Ӯзбекистон ва Туркманистон кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба рӯйхати кишварҳои дорои “иқтисоди саркӯбгарона” ворид нашудаанд. Тоҷикистон дар ин феҳраст ҷойи 149, Қазоқистон ҷойгоҳи 68 ва Қирғизистон дар мавқеи 96 қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG