Ссылки доступа

Аз рэпсароён хондани осори классикиро тақозо мекунанд


Рэпхонҳо дар Тоҷикистон даҳҳо нафаранд, аммо овозхонҳоеро, ки метавонанд аз эҷодиёти худ маблағ ба даст оваранд, имкон дорад бо ангуштҳои як даст ҳисоб кард.

Яке аз онҳо Shon MC мебошад. Вале бештаре аз ҳамтоёнаш маҷбуранд барои зиндагӣ дар кори “маъмулӣ” маблағ пайдо кунанд. Масалан, яке аз ситораҳои саҳнаи рэп ба унвони пулчинаки роҳкиро дар автобус кор мекунад.

Мақомоти расмӣ бар ин назар аст, ки рэп вақтгузаронии бефоидаву зиддифарҳангӣ мебошад, зеро овозхонҳо дар матнҳои худ аз дашном истифода мекунанд, ки ба ҷавонон таъсири манфӣ дорад. Ба ин сабаб дари шабакаҳои бузурги телевизионӣ ва радиоӣ барои рэпхонҳо баста аст. Маводи таблиғотии баргузории консертҳои онҳо дар кӯчаҳо низ манъ шудааст.

Мақомот ба овозхонҳо пешниҳод карданд, ки агар аъзои Иттифоқи нависандагон шаванд, мушкили онҳо бо телевизион, радио ва таблиғот ҳал мешавад. Ваъда медиҳанд, ки ба умқи матни онҳо мудохила намекунанд: танҳо назорат мекунанд, ки аз дашномҳо истифода нашавад. Дар Иттифоқи нависандагон теъдоди ҳаводорони ин навъи овозхонӣ кам набудааст:

“Одамони босавод ҳамзамон бофарҳанг мешаванд. Онҳо донишгоҳҳоро хатм кардаанд. Онҳо маълумоти хубе гирифта, матнҳояшон низ хеле дар сатҳи хуб эҷод шудаанд”, - мегӯяд Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бораи овозхонҳои рэп.

Аъзои дигари Иттифоқ ба рэпхонҳо пешниҳод доранд, ки онҳо ба ин навҳаи овозхониашон осори адибони классики тоҷикро бихонанд.

XS
SM
MD
LG