Ссылки доступа

Қатли ваҳшиёнаи ҳамҷинсгаро Анжела Ликина дар Бошқирдистон


Дар шаҳри Уфа, пойтахти Бошқирдистон ҳамҷинсгаро Анжела Ликина, ки тибқи шиноснома Олег Воробев мебошад, ба таври ваҳшиёна кушта шуд.

Хешовандони Ликина ва намояндагони ниҳодҳои интизомӣ мегӯянд, ки ҳамҷинсгаро бо даҳҳо зарбаи корд кушта шудааст. Дӯсти зани пешини Воробёв ба унвони гумонбари ин қатл боздошт шудааст.

Ликина, ки тибқи шиноснома Олег Воробев мебошад, соли 2014 саршинос шуд. Он замон дар интернет навори видеоие пахш шуд, ки дар он маъмурони пулиси роҳ мошинеро манъ карда, аз дидани ҳуҷҷати ронандагии зане бо ному насаби мардона сахт тааҷҷуб мекунанд.

Намояндаҳои аққалиятҳои ҷинсӣ дар Русия ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ пайваста мавриди ҳамла ва хушунат қарор мегиранд. Аз Русия барои бадномсозии ҳамҷинсгарон, аз ҷумла барои қабули қонуни норӯшани манъи “таблиғоти робитаҳои ғайримаъмулии ҷинсиву шаҳвонӣ” интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG