Ссылки доступа

Қазоқистон омодагии нерӯҳои вижаи худро месанҷад


Вазорати мудофиаи Қазоқистон эълон кард, ки гурӯҳҳои махсуси артишро дар робита ба омодагии низомӣ ва бо ҳадафи арзёбии ҳамгироии ин ниҳод имтиҳон мекунад.

Дар баёнияи иттилоотии вазорати мудофиаи Қазоқистон омадааст, гурӯҳҳои махсуси воҳидҳои низомии минтақавии фармондеҳии Ҷанубу Ғарб ба ҳолати омодабош дароварда шудаанд.

Дар ҷараёни ин санҷиш, ки вазорати мудофиа онро шакли беҳтарини омӯзиши ҳолати воқеии омодабошии воҳидҳои низомӣ медонад, гурӯҳҳои махсус ба “минтақаҳои ҷангзада” интиқол меёбанд.

Мақомоти ҳарбии Қазоқистон ин размоишро ба ҳеч гуна таҳдиди эҳтимолӣ бастагӣ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG