Ссылки доступа

Раҳбари ВКХ Бритониё: Русия ба тақсим шудани Сурия ёрӣ медиҳад


Вазири корҳои хориҷии Бритониё дубора амалкарди Русия дар Сурияро зери савол қарор дода, гумонеро пеш овард, ки эҳтимол дорад Москва мехоҳад ба Башор Асад барои ташкили кишвари хӯрди алавиҳо дар шимолу ғарби Сурия мусоидат мекунад.

“Оё Русия воқеан ба сулҳ талош дорад ва ё мехоҳад ин корро ба унвони фиреб истифода кунаду ба пирӯзии Асад ёрӣ кунад, ки дар натиҷа дар шимолу ғарби Сурия кишвари кӯчаки алавиҳо ташкил шавад?” – савол кард дар сӯҳбат бо хабарнигорон вазири корҳои хориҷӣ Филип Ҳэммонд.

Вай интиқоди Кремл, ки изҳороти рӯзи гузаштаи вазирро “дурӯғгӯии хатарнок” номид, рад кард. Рӯзи душанбе Ҳэммонд гуфт, ки Русия бо амалкарди худ дар Сурия вазъиятро бад мекунад. Рӯзи сешанбе вазир афзуд, ки Москва наметавонад худро ҷонибдори сулҳ муаррифӣ ва ҳамзамон мухолифони Асадро бомборон кунад.

Бо пахши ин изҳороти вазири корҳои хориҷии Бритониё рӯзномаи англисии The Guardian менависад, ки ин шарҳи вазир аз афзоиши дилсардӣ дар кишварҳои ғарбӣ аз далелҳои амалкарди Владимир Путин дар Сурия гувоҳӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG