Ссылки доступа

Даҳ нафар дар Туркманистон аз зукоми хук фавтидаанд


Танҳо дар моҳи январ дар Туркманистон аз зукоми хук 10 нафар ҷон бохтанд.

Ба навиштаи “Хроника Туркменистана”, вазъи душвори паҳншавии ин беморӣ дар вилояти Лебап дар шарқи кишвар мушоҳида мешавад.

Мутахассисон гумон доранд, ки ин беморӣ ба кишвар аз Туркия ва ё Русия оварда шудааст. Яъне, бо кишварҳое, ки Туркманистон бо онҳо иртиботи бештари ҳавоӣ (дар як шабонарӯз ду парвоз) дорад. Туркманистон бо кишварҳои ҳамсоя иртиботи автобусӣ ё роҳи оҳанӣ надорад.

Пизишкони туркман то ҳадди имкон корҳои пешгиркунанда анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, зимни дидор аз мактабҳо ва боғчаҳои бачагона ба кӯдакон маводи зиддисироятӣ медиҳанд. Ба ин сабаб ҳоло дорухонаҳо камбуди ин гуна доруҳо ба миён омадааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалии Туркманистон ҳамаи воридшудаҳоро ба гумони доштани бемории зукоми хук ташхис мекунанд. Пештар, муовини раиси ҳукумат Сапардурди Тойлиев, ки масъули арсаи тандурустӣ мебошад, гуфт, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории зукоми хук дар Туркманистон ошкор нашудааст.

XS
SM
MD
LG