Ссылки доступа

Барои «танаффус» дар музокироти Женева то ҷое Русия айбдор аст


Иёлоти Муттаҳида Русияро қисман дар қатъи кори ҳамоиши сулҳи Сурия дар Женева айбдор кард.

Намояндаи Департаменти давлатӣ зарбаҳои ҳавоии Русия ба мавзеъҳои шӯришиён ва бомбаборон кардани роҳҳое, ки тавассути онҳо ба Сурия кӯмакҳои башардӯстона ворид мешаванд, яке аз сабабҳое унвон кард, ки намояндаи СММ Стефан де Мистураро водор кард, то рӯзи чаҳоршанбе дар кори ҳамоиш «танаффус» эълон кунад.

«Ҳоло мо назорати зарбаҳои ҳавоии русӣ ба мавзеъҳо дар шаҳри Ҳалаб ва атрофи онро идома медиҳем. Ин ҳамлаҳо ба зидди ДИ не, балкӣ зидди мухолифон аст. Дар пайи ин зарбаҳо хабарҳо дар бораи фавти аҳолии осоишта ва теъдоди аҳолии осоиштаи гурезашуда мерасанд», - гуфт сухангӯйи Департаменти давлатӣ Ҷон Кирбӣ. Ба гуфтаи вай, таъвиқи кори ҳамоиши сулҳ дар Женева то ҷое ба он рабт дорад, ки ҷустуҷӯи роҳҳои сулҳ дар шароите, ки аз вуруди кӯмакҳои башардӯстона монеъ ва аҳолии осоишта кушта мешавад, душвор аст. Ин ҳама пайёмадҳои зарбаҳои ҳавоии Русия аст.

Намояндаи Департаменти давлатӣ ёдовар шуд, Русия эълон карда буд, ки хостори ҳалли ин даргирӣ ба асоси ягонагии Сурия ва ба сари қудрат омадани ҳукуматест, ки манфиатҳои тамоми аҳолии кишварро инъикос кунад. Аммо ба гуфтаи Кирбӣ, зарбаҳои ҳавоии Русия мухолифи ин ваъдаҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG