Ссылки доступа

ИМА мегӯяд, мавзеъҳои мухолифони Сурия бомбаборон нашаванд


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ мақомоти Русияро огоҳ кард, ки бомбборони мавзеъҳои мухолифини Сурияро қатъ кунанд.

Дар суҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров Ҷон Керрӣ гуфт, қатъномаи мавҷудаи Шӯрои Амнияти СММ ба оташбаси фаврӣ дар Сурия даъват мекунад, то ин ки кумаки башардӯстона ба сокинони шаҳру деҳоти муҳосирашуда бирасад.

Ҷон Керрӣ дар конфронси давлатҳои кумакрасон дар Лондон суханронӣ кард. Наздики 70 роҳбар ва ҳукумати кишварҳои ҷаҳон имконоти ҷамъоварии 9 миллиард долларро баррасӣ мекунанд. Ин миқдор маблағ ба зарардидагони ҷанги шаҳрвандии Сурия ҳамчун кумаки башардӯстона сарф хоҳад шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия 4 феврал хабар дод, ки Лавров ва Ҷон Керрӣ дар суҳбати телефонӣ аз таваққуфи музокироти ҷонибҳои низои Сурия таассуф хӯрдаанд. Ҷонибҳо ҳамчунин сари мулоқоти Гуруҳи байналмилалии пуштибонӣ аз Сурия ба тавофуқ расидаанд. Ин мулоқот 11 феврал дар Мюнхен доир хоҳад шуд.

Пештар хабар расида буд, ки музокироти сулҳи Сурия мутаваққиф шудааст.

Намояндаи департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирбӣ гуфт, ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба мавзеъҳои мухолифин яке аз сабабҳое буд, ки фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура дар кори музокирот таваққуф эълон намояд.

Москва мегӯяд, ҳадафаш аз амалиёти низомӣ дар Сурия – кумак ба ҳукумати ин кишвар барои мубориза бо гуруҳҳои тундгарои исломӣ аст.

XS
SM
MD
LG