Ссылки доступа

Раиси вилояти Тошканд бо лақаби “Гитлер” барканор шуд


Ҳокими вилояти Тошканди Ӯзбекистон Аҳмадҷон Усмонов зимни ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқӣ аз вазифа барканор шуд.

Вакилон якдилона пешниҳоди президенти ин кишвар Ислом Каримов дар бораи аз вазифа барканор кардани Усмоновро дастгирӣ карданд.

Аҳмадҷон Усмонов, генерал-майори милисаи он кишвар аст. Баъди ҳаводиси Андиҷон вай ҳокими вилояти Андиҷон шуд. Сокинон ӯро фарди хеле сангдил меноиданд. Дар солҳои роҳбарии Усмонов ҳолатҳои боздошти одамон ба авҷи аъло расид, мегӯянд сокинон. Ба ҳамин хотир, тавре нашрияи интернетии Uzmetronom менависад, мардум ба Усмонов лақаби “Гитлер”-ро доданд.

Бо сокинони вилояти Тошканд низ вай ҳамин муомиларо кардааст. Uzmetronom менависад, Усмонов, ки ба итоати бечунучарои атрофиёнаш одат карда буд, яке аз сокинони ноҳияи Қибрайро дашноми модар дод. Дар посух ин сокини ноҳия бо ҳоким даст ба гиребон шуд...

“Вай бо ҳама бо “ту-ту” ҳарф мезад ва ҳатто деҳқонони 80-соларо дашном медод. Мардумро ғулом медонист ва ба ҳамин хотир тақрибан ҳама аз вай норозӣ буданд. Мо Худоро шукр мегӯяд, ки аз ин ҳоким халос шудем”, - гуфтанд ба радио Озодӣ деҳқонони вилояти Тошканд, ки ба муносибати барканор шудани Усмонов гӯсфанд куштаву тӯй барпо кардаанд.

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқӣ бо пешниҳоди Ислом Каримов Содиқ Абдуллоев иҷрокунандаи вилояти Тошканд таъйин шудааст. Абдуллоев то кунун ҳокими вилояти Зангиота буд.

XS
SM
MD
LG