Ссылки доступа

Шогирди мактаб рэпро ҳамчун шеъри Манделштам муаррифӣ кард


Шогирди мактаби № 5 аз шаҳри Хабаровск Анастасия Ан дар дарси адабиёт чанд байте аз суруди “Ба ҳам баста”-и овозхони рэпсаро Оксмирон, ки ҳамчун Oxxxymiron низ шӯҳрат дорад, ба унвони шеъри Осип Манделштам қироат кард.

Ба гуфтаи худи Анастасия, барои чунин ҷавоби дарс муаллима барояш баҳои панҷ мондааст. Ҳамсинфаш навори видеоии ин ҳолатро дар твиттер пахш кард, ки онро ҳазорон корбар тамошо карданд. Дертар шакли аслии ин навори видеоӣ ҳазф карда шуд, аммо нусхаи он дар Youtube боқӣ монд.

Дар сафҳаи хусусиаш корбарон аз духтарак савол кардаанд, ки “агар мудири мактаб ва маориф муаллимро танбеҳ диҳанд, чӣ кор мекунӣ?”, вай посух додааст, ки “дар ҳеҷ қонун ё ойинномаи мактаб гуфта нашудааст, ки муаллим вазифадор аст, ҳамаи шеъри шоиронро азёд донад”.

То замони нашри ин навори видеоӣ Анастасия Ан навишта буд, ки аз сатҳи таҳсил дар ин мактаб қаноатманд нест ва ба дигарон машварат намедиҳад, ки дар ин мактаб таҳсил кунанд.

XS
SM
MD
LG